Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав пешниҳоди Вошингтонро нокофӣ хонд


Русия пешниҳоди ИМА дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши дифоъи мушакиро "нокофӣ" хонд ва рад кард. Дар ин бора як манбаъ дар Кремл ба хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, музокирот дар ин мавзӯъ бо маъмурияти нави Амрико аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти ИМА ба Маскав пешниҳодоти ҷадид дар робита ба таъмини эътимод дар соҳаи дифоъи мушакиро ироа карда буданд. Ба гуфти кафили Котиби давлатии Амрико Ҷон Руд, дар ин санад, аз ҷумла ба таъмини дастрасии низомиёни Русия ба муассисаҳои сипари мушакии ИМА дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ишора шудааст. Кохи Сафед изҳори умедворӣ карда буд, ки музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши дифоъи мушакӣ тайи ду ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Маскав сипари мушакии Амрико дар Аврупоро чун хатари ҷиддӣ ба амнияти Русия арзёбӣ мекунад ва тасмим гирифтааст, ки дар посух дар вилояти Калининград комплекси мушакии “Искандар”-ро ҷойгир созад.

XS
SM
MD
LG