Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармиш дар равобити Амрико ва Русия


Як мақоми расмии амрикоӣ гуфтааст, дар мулоқоти Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия бо Вилям Бурнс – муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури сиёсӣ “тамоми вусъати” ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.

Аммо як масъалаи аз ҳама муҳим, сипари дифоъи мушакӣ хоҳад буд, ки Русияро асабонӣ кардааст. Ҳукумати ин кишвар моҳҳост, ки тарҳи Амрико барои истиқрори мушаку радарҳояш дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чехро танқид мекунад. Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҳадаф аз истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупои Шарқӣ ҳимояти ҳампаймонҳояш аз ҳамлаҳои мушакии кишварҳои саркаш ба мисли Эрон аст, аммо Русия ин сипарро хатаре ба амнияти миллии худ медонад.

Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев таҳдид кард, ки дар сурати ҷойгир кардани мушаку радарҳо дар Аврупои Шарқӣ, Русия низ мушакҳои худро дар марзи Лаҳистон ҷойгир мекунад, то дар сурати зарурат, фаъолияти сипари дифоъи мушакии Амрико беасар карда шавад.

Аммо Сергей Лавров – рӯзи сешанбе гуфт, ҳанӯз ҳам фурсат аст, ки ҳарду тараф аз барномаҳои хеш даст кашанд. Акнун ба раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Барак Обама вобаста аст, ки баъди адои савганд дар ин мақом, иҷрои тарҳи сипари дифоъи зиддимушакиро идома хоҳад дод ва ё на. Ҳукумати раисҷумҳури Ҷорҷ Буш чанд ҳафта пеш ба Русия чанд тарҳи созишро пешниҳод кард, ки дар остонаи сафари Вилям Бурнс мақомоти Русия онро нокофӣ хонда ва рад намуданд. Ҳукумати Маскав ишора кардааст, ки то нимаҳои моҳи январ мунтазири ба қудрат расидани Барак Обама мемонад, то доир ба ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ шавад.

Барак Обама дар корзори пешазинтихоботиаш доир ба истиқрори сипари дифоъи мушакӣ шубҳаҳоро барангехт. Вай гуфт, замоне аз истиқрори ин сипар тарафдорӣ мекунад, ки коромадии он собит шавад. Вилям Бурнс, ки замони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш ба мақомат таъйин шудааст, ҳафтаи гузашта ҳамраиси гурӯҳи гузариши идораи вазорати умури хориҷаи Амрико ба дасти ҳукумати Барак Обама таъйин шуд. Аз ин хотир рӯшан нест, ки музокироти ӯ дар Русия то кадом андоза инъикоскунандаи сиёсати ояндаи Барак Обама мебошад. Қарор аст, Барак Обама, охири ин ҳафта номзад ба мақоми вазири умури хориҷаи Амрикоро эълом кунад.

Интизор меравад, дар мулоқоти Николас Бурнс ва Сергей Лавров ҳамчунин доир ба Паймони стротегии коҳиши силоҳҳои маъмулӣ, ки мӯҳлати эътибораш соли оянда ба поён мерасад, гуфтугӯ шавад. Дар мулоқоти ду тараф ҳамчунин барномаи баҳсбарангези атомии Эрон низ баррасӣ мешавад. Баъд аз Маскав Николас Бурнс ба пойтахти Фаронса меравад, ки дар он ҷо қудратҳои ҷаҳонӣ иқдомоти баъдӣ нисбат ба Эронро баррасӣ кунад, то ин кишвар аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум даст кашад.

XS
SM
MD
LG