Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ЕврАзЭС-ро тарк мегӯяд


Узбакистон тасмим гирифтааст, ки ЕврАзЭС ё Ҷомеъаи иқтисодии АвроОсиёро тарк намояд. Дар котиботи ЕврАзЭС ба Радиои Озодӣ тайид карданд, ки номаи расмии ҳукумати Узбакистонро дар ин бора дар ихтиёр доранд. Дар бораи сабабҳои тасмими Тошканд алҳол иттилоъе мавҷуд нест. Қаблан Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон изҳор карда буд, ки фаъолияти Ҷомеъаи иқтисодии АвроОсиё самар надорад. Ба ЕврАзЭС Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Моҳи гузашта Иттиҳодияи Аврупо бештари таҳримҳои худ алайҳи Узбакистонро лағв кард. Ин таҳримҳо се сол пеш, баъд аз саркӯб шудани тазоҳуроти мардуми шаҳри Андиҷон ҷорӣ шуда буданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ҳаводиси Андиҷон 187 нафар кушта шуданд ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки теъдоди қурбониён бар асари ҳамлаи низомиёни узбак болои эътирозгарон ба карат бештар аст.

XS
SM
MD
LG