Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "масъули сарбурӣ" дар Ироқ


Вазорати дифоъи Ироқ аз боздошти яке аз фармондеҳони аршади "Ал-Қоида" дар кишвар хабар дод. Муҳаммад Ал-Аскарӣ, сухангӯи вазорат гуфт, ки Риёз Ваҳҳоб Флеҳ дар Диёла, воқеъ дар шимолу шарқи Бағдод дастгир шудааст. Ӯ боздоштшударо “яке аз ошубгарони баландмақоми мавриди ҷустуҷӯ” арзёбӣ кард ва афзуд, ки Риёз Ваҳҳоб Флеҳ масъули тамрини аъзои “Ал-Қоида” барои сарбурии одамон буд.

XS
SM
MD
LG