Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони оташбаси якҷониба дар Дорфур


Умар Ал-Башир, раисиҷумҳури Судон дар минтақаи Дорфур оташбаси якҷониба эълон кард. Дар ин вилоят нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои зиёди ошубгар вориди даргириянд. Ал-Башир аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ даъват намуд, ки ба таври оҷил силоҳ ба замин гузоранд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, ки бо ошубгарони Дорфур меҷанганд, аз пуштибонии мақомоти Судон бархурдоранд. Раисиҷумҳур ҳамчунин ваъда дод, ки мардуми минтақа барои манзилҳои сӯхтаву валангорашон ҷубронпулӣ мегиранд.

Умар Ал-Башир дар робита ба ҳаводиси Дорфур дар рӯ ба рӯи бозрасии байнулмилалӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG