Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи Сеул аз тасмими Пхенян барои бастани марз


Кореяи Ҷанубӣ дар робита ба тасмими Кореяи Шимолӣ барои комилан бастани марзҳои ду кишвар изҳори таассуф кард. Сеул аз Пхенян даъват намуд, ки гуфтушунид дар ин мавзӯъ аз сар гирифта шавад. Қаблан Кореяи Шимолӣ ҳамсояи ҷанубии худро дар ташдиди авзоъ айбдор кард ва расман эълон намуд, ки ба зудӣ ҳама гузаргоҳҳои марзиро мебандад. Ин изҳорот ин субҳ аз сӯи телевизиони давлатӣ нашр шуд: “Мо Кореяи ҷанубиро расман огаҳ мекунем, ки чораҳои қатъӣ барои маҳдудсозӣ ва баста шудани ҳама гузаргоҳҳо аз тариқи хатти фосил аз якуми декабр татбиқ мешаванд”.

Ҳукумати нави Кореяи ҷанубӣ дар баробари Пхенян аз сиёсати шадидтар кор гирифтааст, то ки Кореяи Шимолиро ба даст бардоштан аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ водор созад.

XS
SM
MD
LG