Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дума мӯҳлати раёсати президентро боло мебарад


Тарҳи тағйирот ба Қонуни асосии Русия дар бораи тамдиди мӯҳлати ваколати раисиҷумҳур ва Думаи Давлатӣ рӯзи ҷумъа мавриди баррасии вакилони палатаи поёнии порлумон қарор хоҳад гирифт. Раиси Кумитаи қавонини конститутсионӣ ва сохтмони давлатӣ Владимир Плигин ба Дума тавсия кардааст, ки ин санадҳо яку якбора дар се мутолиа пазируфта шаванд.

Ҳафтаи гузашта Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар нахустини паёми солонаи худ ба Маҷлиси Федеролӣ пешниҳод карда буд, ки мӯҳлати раёсати президент то 6 сол ва ваколати Думаи давлатӣ то 5 сол афзоиш биёбад.

XS
SM
MD
LG