Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хостори хуруҷи оҷили амрикоиҳо шуданд


Намояндагони Барак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби ИМА аз ташреҳи даъвати ҷунбиши “Толибон” барои ба таври оҷил аз Афғонистон ва Ироқ берун кашидани нерӯҳои амрикоӣ сарпечӣ карданд. Изҳороти “Толибон” дар Интернет нашр шуд ва аммо асл ё тақаллубӣ будани он маълум нест.
Барак Обама дар маъракаи пешазинтихоботӣ хостори хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ва ҳамзамон интиқоли нерӯҳои нав ба Афғонистон барои таҳкими мубориза алайҳи “Толибон” ва “Ал-Қоида” шуда буд.
XS
SM
MD
LG