Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки дар Арабистони Саъудӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои ниманиҳоӣ Узбакистон бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0 ва Аморати Муттаҳидаи Араб бар Австралия бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб қаҳрамони футболи Осиё байни ҷавонон 14-уми ноябр дар бозии ниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG