Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон "ЕврАзЭС"-ро тарк мекунад


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ахиран расонаҳои ҷаҳонӣ дар такя ба манбае аз вазорати хориҷаи Русия иттилоеро пахш карданд, ки Ӯзбакистон ҷиҳат хориҷ шудан аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё ЕврАзЭС ба раҳбарияти ин созмон дархост пешниҳод кардааст.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, Ӯзбакистон, ки баъд аз ҳаводиси Андиҷон аз соли 2006 ба ин сӯ узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад, дар ҳоле ба узвияти дусолааш хотима бахшида, дархости қатъи узвият кардааст, ки ҳамагӣ се рӯз қабл, яъне рӯзи 13 октябри соли равон Иттиҳодияи Аврупо тамоми таҳримот алайҳи ин кишварро лағв кард.

Дар ҳамин ҳол, баррасии хориҷ шудан аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, тибқи муқаррароти ин созмон, беш аз як моҳ вақт мехоҳад, яъне Ӯзбакистон посухи дархосташро рӯзи 25 ноябр бояд дарёфт кунад. Ва аммо ин кишвар чӣ далел барои хориҷ шуданаш дорад ва ва хуруҷаш оё чӣ паёмадҳое барои созмон дошта метавонад?

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, аз кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё номаеро дастрас кардааст, ки хостори тарки ин иттиҳод шудани Ӯзбакистонро тасдиқ мекунад. Давлат Назриев, сухунгӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ин нома таҳти имзои Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон ҳанӯз 15 октябри соли равон ба кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ирсол шуда, дар он далелҳои қатъи узвияти Ӯзбакистон баён шудаанд:

«Як сабаб ин аст, ки се давлат – Русия, Белорус ва Қазоқистон ба таҳияи ҳуҷҷатҳое машғул ҳастанд, ки бар асоси онҳо Иттиҳоди гумрукӣ ба вуҷуд меояд. Пас аз он ки ин ҳуҷҷатҳо қабул шуданд, дар кишварҳои дигари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон онҳо қабул мегарданд. Ва мантиқан дар қабул шудани ин ҳуҷҷатҳо, ки онҳо иштирок намекунанд ва имкони иштирок кардан ҳам надоранд, манфиатҳои онҳо ба назар гирифта намешаванд».

Оқои Назриев афзуд, далели дигари Ӯзбакистон ин аст, ки дар бисёр масъалаҳо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро такрор мекунад, аз ин хотир зарур донистааст ин иттиҳодро тарк кунад.

Ӯзбакистон ба Иттиҳоди Авруосиё ё ЕврАзЭС соли 2006 баъд аз 6 соли фаъолияти ин созмон аъзо шуда буд. Узвияташ ба дунболи ҳаводиси моҳи майи соли 2005 баъд аз ҳаводиси Андиҷон, алайҳаш эълон шудани таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ва хориҷ шуданаш аз созмони ГУАМ, ки як созмони рӯ ба Ғарб муаррифӣ мешавад, сурат гирифт. Ва ҳоло Ӯзбакистон дар ҳоле узвияти дусолаи хеш дар ин созмонро қатъ мекунад, ки равобиташ бо Ғарб беҳ шуда, ҳамагӣ ду рӯз қабл аз ироаи дархости қатъи узвияташ Иттиҳодияи Аврупо таҳримоташ алайҳи Ӯзбакистонро лағв карда буд.

Коршиносон мегӯянд, Ӯзбакистон дар ҳоле узви иттиҳод шуд, ки равобиташ бо Ғарб ба сардӣ гароиданд ва ҳамчунин таваққӯъ дошт Русияву Қазоқистон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ, бахусус мухолифатҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистон аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Давлат Усмон, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, ин ҳадафҳои Тошканд ба манофеъи Русияву Қазоқистон мухолифат доштанд, аз ин хотир аз он пуштибонӣ накарданд. Оқои Усмон афзуд, дигар ҳадафи стратегии Ӯзбакистон пирӯзӣ бар Қазоқистон дар сабқати пешвоии минтақа аст, ки маълум мешавад, бидуни мусоидати Ғарб ба даст нахоҳад омад:

«Ҳадафҳои Ӯзбакистон дар чаҳорчӯбаи ин иттиҳод татбиқ намешаванд. Аз ин хотир аз ин иттиҳод мехоҳад барояд. Ва он масъулиятҳое, ки ин иттиҳод дар пешаш гузошта буд, аз ҷумла оддӣ шудани равобит бо Тоҷикистон, бардоштани виза ва кушодани марзҳо дар шароити феълӣ, барояш мувофиқ нест».

Эмомалии Сайидамирзод, коршиноси масоили минтақа, мегӯяд, дар ҳоли хориҷ шудани Ӯзбакистон аз ин созмон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва пасошӯравӣ мушкил пеш хоҳад омад. Ва ба он далел, ки дар Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон аз лиҳози иқтисодиву ҷуғрофӣ ва сиёсӣ аҳамияти калидӣ дорад, манофеъи Русия низ осеб хоҳанд дид. Оқои Сайидамирзод гуфт, аммо Ӯзбакистон бозингари озод аст ва дар ҳоли ҳозир як навъ мехоҳад миёни Русияву Ғарб «васати тиллоиаш»-ро пайдо кунад:

«Яъне Ӯзбакистон дар созмонҳои марбут ба амният ба созмонҳои таҳти нуфузи Русияву Чин, аз қабили Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой боқӣ мемонад ва аз иттиҳоди иқтисодие, чун ЕврАзЭС берун меравад».

Коршиносон Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро як созмоне арзёбӣ мекунанд, ки ҷиҳати тақвияти нуфузи иқтисодии Русия дар фазои собиқ Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст. Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури сиёсӣ, гуфт, дар амри хориҷ шудани Ӯзбакистон аз ин иттиҳод кӯшишҳои пайгиронаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ ба назар мерасад:

«Ӯзбакистон ба ин кӯшишҳои Амрикову Аврупо лозим донист, ки таваҷҷӯҳ кунад ва ба авлавиятҳои сиёсати хориҷиаш дигаргунӣ ворид созад. Ин як дараҷа бар зарари манофеъи Русия ва манфиати Амрикову Аврупо аст».

Оқои Ҳакимов афзуд, иқдоми Ӯзбакистон дар мавриди хориҷ шудан аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳалли мушкилоти миёни ин кишвар ва Тоҷикистон, аз ҷумла лағви виза ва боз кардани марзҳоро ба таъхир меандозад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, бо он вуҷуд, ки узвияти Ӯзбакистон барои Тоҷикистон бидуни ягон натиҷаи мусбат тамом мешавад, хориҷ шуданаш, бахусус барои Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи бештари Русия ва Қазоқистонро дар пай хоҳад дошт:

«Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон он қадар бад аст, ки аз ин бадтар шуда наметавонад. Аз ин хотир аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хориҷ шудани Ӯзбакистон барои Тоҷикистон баъзе дивидентҳо медиҳад, бахусус ҷалби таваҷҷӯҳ ва эътибори Русияву Қазоқистон – ду кишвари умдаи фазои собиқ Шӯравӣ. Зеро Тоҷикистон дар ин созмон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Тоҷикистон дар ин созмон устувор аст».

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соли 2000 рӯйи кор омада, иттиҳоди иқтисодии кишварҳои собиқ шӯравист, ки дар ҳоли ҳозир ҷиҳати рӯйи кор овардани марзҳои умумии гумрукӣ, сиёсати мушгтараки хориҷии иқтисодӣ, таруфаҳо, нархҳо ва дигар масоили марбут ба бозори умумӣ фаъолият дорад. Ба ҷуз Ӯзбакистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон кишварҳои аъзо ва Украина, Молдова ва Арманистон нозири ин иттиҳод ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG