Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистон ва осебпазирии саноат


Таҳлилгарон мегўянд, оғоз ёфтани реҷаи маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ дар аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аллакай ба мизони тавлидоти молу колои корхонаҳои саноатии ҷануби кишвар таъсири манфӣ расонидааст.

Алҳол дар 23 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон на беш аз 6 соат дар як шабонарўз барқ интиқол дода мешавад, сарфи назар аз Қўрғонтеппа, маркази маъмурии вилоят ва шаҳри Кўлоб, ки дар маҷмўъ на беш аз 40 корхонаи саноӣ дар ин ду шаҳри нисбатан бузурги минтақа мавҷуд аст.

Дар маҷмўъ, дар вилояти Хатлон 220 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, то ин замон, тибқи иттилои расмӣ, кори беш аз 30 корхонаи саноатӣ мутаваққиф гардидааст. Коршиносон ва раҳбарони корхонаҳои мазкур мегўянд, дар мавсими сармои гузашта бар асари бебарқиҳо ҳаҷми хисороти расида ба миллионҳо доллар баробар шуда, имсол ҳам пешгўӣ мешавад, ки зимистони пешорў ва бебарқиҳои он ба кори аксар корхонаҳои саноатӣ латма мезанад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки кори бисёре аз корхонаҳои саноатӣ, бавижа, корхонаҳои коркарди тухми пахта, ки 36 адад аст, дар фасли сармо шиддат мегирад ва мебояд бидуни танаффус идома кунад.

Як корманди риштаи иқтисоду саноати ҳукумати Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ба эҳтимоли қавӣ, имсол ҳам дар айёми бебарқиҳои зимистон корхонаҳои коркарди мева ё консервбарорӣ тавлидоти худро мутаваққиф месозанд. Аммо дар ҳоле ки бўҳрони озуқа дар тамоми ҷаҳон пешбинӣ шуда, ба Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад, захираи маводи хўрока, молу маҳсулоти саноатӣ, захираи чигит доштан бисёр муҳим арзёбӣ мешавад, ки зимнан, фаъолияти муназзами корхонаҳоро тақозо мекунад.

Аз ин лиҳоз, ҳукуматдорони Хатлон мегўянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз хисороти зиёди молӣ барои таъмини корхонаҳои муҳимми саноатӣ бо нерўи барқ аз тамоми имконот истифода хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки кори корхонаҳои азими саноатии минтақа, аз он миён «ТоҷикАзот» ва «Тоҷиккимиёсаноат» натанҳо ба нерўи барқ, балки ба гази табиӣ ҳам бастагӣ дорад, ки дар сурати болоравии нархи гази воридаи Узбакистон, сар аз моҳи январ, тахмин меравад, фаъолияти ин ду ширкати тавлидотӣ ҳам мутаваққиф шавад.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Хатлон тасмим гирифтааст, беш аз 20 корхонаи саноатии айни замон камфаъолро аз моликонаш ситонида, ба давлат бозгардонад, то ки тавлидоташон афзун ва мафоди молии бештар ба даст ояд.

Аммо гуфта мешавад, 220 корхонаи дигари саноии Хатлон дар нўҳ моҳи аввали имсол ба маблағи як миллиарду 900 миллион сомонӣ молу коло истеҳсол кардаанд. Ҳамзамон дар соли равон 12 корхонаи нав сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Тибқи омори расмӣ, имсол истеҳсоли карбомид, нафту газ, равғани растанӣ, орду консерва ва намак қиёсан афзундааст.

XS
SM
MD
LG