Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 ҳазор гектор замини нав


Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев
Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, гуфт, қарор аст то чанд соли оянда зиёда аз 100 ҳазор ҳектор замини бекорхобидаи ноҳия аз худ карда шавад.

Бо кўмаки молии давлати Туркия ахиран дуюним ҳазор ҳектор замини бекорхобидаи ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор гирифт, ё ба истилоҳи маъмул, «азхуд карда шуд». Барои иҷрои марҳилаи якуми Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Туркия наздики 10 миллион доллари амрикоӣ тахассус додааст.

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара зимни як нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси барномаи мазкур, қарор аст то чанд соли оянда зиёда аз 100 ҳазор ҳектор замини бекорхобидаи ноҳия аз худ карда шавад. Аммо барои иҷрои ин пружа сарфи маболиғи ҳангуфт лозим будааст, ки дар ихтиёри ҳукумати маҳаллӣ нест. Вай гуфт, барои обёрии танҳо як ҳектор замин ба ҳисоби миёна то 4 ҳазор доллар зарур аст.

Ҳамакнун ҳукумати Данғара барои иҷрои навбати дуввуми азхудкунии беш аз ҳазору 700 ҳектор замини бекорхобида тендери байнулмилалӣ эълом кардааст. Феълан Бонки исломӣ ва давлати Кипр изҳори омодагӣ кардаанд, барои иҷрои марҳилаи дуввуми барнома беш аз 15 миллион доллари амрикоӣ ихтисос бидиҳанд.

Ҳамзамон Ҳукумати Тоҷикистон пайи дарёфти сармои Чин барои обёрии заминҳои Данғара бо мақомоти он кишвар гуфтушунид дорад. Гуфта мешавад, бо обёрӣ шудану мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои нави Данғара, шумори аҳолии маҳаллӣ низ афзун хоҳад шуд. Ба гуфтаи М. Сайдалиев, Аз хисоби заминҳои батозагӣ обёришудаи Данғара барои 150 хонавода аз ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Бадахшон қитъаи замин ихтисос дода шуда, 72 хонавода ба ин маҳал кўчидаанд. Ояндаи наздик ҳамчунин қарор аст 170 хонавода аз мавзеъҳои осебпазир ва хавфовари минтақаи Рашту Роғун ҳам ба ноҳияи Данғара кўч дода шаванд.

Раиси ноҳияи Данғара ҳамчунин гуфт, дар ноҳия ояндаи наздик ду корхонаи нави хиштрезӣ ба кор андохта мешавад. Вай афзуд, рўзҳои наздик яке аз ин корхонаҳои хиштпаз бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва таҷҳизоти чиноӣ ба кор шурўъ менамояд. Иқтидори истеҳсолии ин корхона дар як шабонарўз 50 ҳазор адад хишт буда, дар он ҳудуди сад нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки корандозии боз ду корхонаи хиштпазии дигар низ дар солҳои наздик дар назар аст.

Дар қаламрави ноҳияи Данғара феълан сохтмонҳои зиёди шаҳраку деҳот ба нақша гирифта шудааст ва талабот ба хишт бениҳоят зиёд хоҳад шуд. Мо тасмим гирифтем, то сохтмонҳои шаҳраку деҳоти навро бо хишти пухта ба анҷом расонем, ки ақаллан 50 сол осеб набинанд, - илова кард раиси ноҳия.


XS
SM
MD
LG