Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи навбатии «Садои ҳамватан»


- Оё хатари ронда шудани муҳоҷирони кории тоҷик аз сохтмонҳое, ки дучори буҳрони молӣ шудаанд, вуҷуд дорад? - Чаро муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердлов мехоҳанд ба узвияи иттиҳодияҳои коргарӣ дароянд? - Дар Панҷакент набуди мардон дар хонавода рӯзгори онҳоро ба душворӣ рӯбарӯ кардааст. - Як мард аз деҳаи Ғавосиёни ноҳияи Рашт, ки дар Русия гум шуда буд ва ӯро мурда мехонданд, пайдо шуд ва ба Ватан баргашт.

Вақтҳои ахир дар матбуъоти Русия хабарҳое ба табъ мерасад, ки дар натиҷаи буҳрони молӣ баъзе корхонаҳои сохтмонӣ дар Маскав ва атрофи он муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва коргарони ғайриҳирфаиро аз кор кор меронанд. Гузашта аз ин, Сергей Кошман, муъовини раиси вилояти Маскав, гуфтааст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ гурӯҳҳои муҳоҷирони корӣ дар сурати маҳрум шудан аз ҷои кор ба осонӣ метавонад ба гурӯҳҳои ҷинояткор

пайванданд. Аммо Кароматуллоҳ Шарифов, раиси ҷунбиши умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик", ба гурӯҳҳои ҷиноӣ пайвастани муҳоҷирони кории тоҷикро истисно донист: "Чунин гуфтаҳо замина надоранд. На танҳо муҳоҷирони Тоҷикистон, балки муҳоҷирон аз кишварҳои СНГ низ, ҷиноят намекунанд. Махсусан, муҳоҷирони тоҷик бо музди хеле кам ҳам кор мекунанд. Сухан гуфтани рӯзноманигорони Федеросюни Русия дар ин бора нодуруст аст".

Баъзе корхонаҳои Русия ба баҳонаи буҳрони молӣ аз пардохти дастмузди муҳоҷирони кории тоҷик худдорӣ мекунанд ва ҳатто дар сурати саркашии муҳоҷирон пулисро даъват мекунанд ва ба баҳонаи надоштани ҳуҷҷати зарурӣ тавассути пулис онҳоро аз кор меронанд. Кароматуллоҳ Шарифов ин нуктаро таъйид карда мегӯяд, ки чунин муносибат бо муҳоҷирони корӣ ҳатто дар солҳои пеш низ вуҷуд доштааст: "Соли 2007 зиёда аз 20 милён рубли русӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, баргардонида нашуд. Он вақт буҳрони ҷаҳонӣ вуҷуд надошт. Лекин имсол зиёда аз 40 милён рубл, яъне ду маротиба зиёд, пардохт нашудааст. Раҳбарони корхонаҳо ва корфармоёни Русия, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон корро пешниҳод кардаанд, инро вобаста ба бӯҳрони имрӯза медонанд".

Аз эҳтимол дур нест, ки пардохт нашудани музди кор аз сӯи корфармоёни рус дар оянда сабаби тарки ҷои кор ё ронда шудани муҳоҷирони корӣ шавад. Аммо Анатолий Кузнетсов, муъовини раиси хадамоти муҳоҷиратии Русия, дар як нишасти хабарӣ гуфт, то ҳол чунин намуна мушоҳида нашудааст ва буҳрони иқтисодӣ сабаби аз кор рондани муҳоҷирони кории хориҷӣ нашудааст.

Барномаи "Садои Ҳамватан" барои тавзеҳоти бештари вазъи воқеъӣ ба Бурӣ Каримов, коршиноси умури иқтисодии тоҷики муқими Маскав, муроҷиъат кард. Ӯ шарҳ дод, ки буҳрони сартосарии молӣ дар Русия ва кишварҳои дигаре, ки муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд, то чи андоза таъсир гузоштааст.

Дар шароити кунунӣ, ки ҳар корфармои рус метавонад муҳоҷири кориро худсарона ва бидуни пардохти дастмузадаш аз кор биронад, ташкили иттиҳодияҳои коргарӣ барои ҳифзи ҳуқуқ метавонад ба нафъи муҳоҷир бошад. Чунин ба назар мерасад, ки ба ҷамъияти муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердлов муяссар шудаст, то дар ин роҳ қадамҳои нахустинро бардоранд.

Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик дар солҳои муҳоҷират ба Русия хонаводаҳои худро дар зодгоҳашон танҳо гузоштаанд. Занон бо кӯдакон танҳо мондаанд ва бори рӯзгор комилан бар дӯши онҳост. Ба баъзе аз чунин хонаводаҳо бародарон ё падару модарон дар Ватан кумак мекунанд, вале хонаводаҳое низ ҳастанд, ки бе саробон мондаанд ва, бо назардошти зимистони сарди соли гузашта ва камбуди барқу гоз, дар остонаи зимистони кунунӣ ба ташвиш афтодаанд.

Аз солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон то имрӯз шуморе аз сокинони ин кишвар барои наҷоти худ Тоҷикистонро тарк кардаанд ва касе дар бораи онҳо маълумот надорад. Сипас шуморе дигар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ё кишварҳои дигар рафтаанд ва аз худ дарак надодаанд. Фахриддини Салоҳ, сокини ноҳияи Рашт, яке аз онҳост. Хешовандони вай 16 сол аз ӯ хабар надоштанд ва баъд аз ҷустуҷӯҳои тулонӣ, ба қавле "маросими хайру худоии даргузашти Фахриддин"-ро низ дода буданд. Вале барои хонаводаи онҳо "муъҷиза" рух дод. Чи "муъҷиза"?

Ёдовар мешавем, ки ин барномаи "Садои ҳамватан" ҳар шоми шанбеву якшанбе соъати 20-у 30 дақиқа ва ҳар субҳи якшанбеву душанбе соъати 8-у 30 дақиқаи вақти Тоҷикистон пахш мешавад.

XS
SM
MD
LG