Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари дипломати аршади Амрико ба Маскав


Дипломати аршади Иёлоти Муттаҳида Вилям Бурнс қарор аст имрӯз дар Маскав бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтушунид анҷом диҳад. Ноиби вазири корҳои берунаи Амрико дар умури сиёсӣ баландпоятарин намояндаи Амрикост, ки пас аз сардии равобит байни Русия ва Амрико зимни ҳодисаҳои Гурҷистон ба Маскав сафар мекунад. Тарафҳо қарор аст, пайомадҳои низоъ дар Гурҷистон, барномаи ҳастаии Эрон ва шикваи Русия аз тарҳи зиддимушакии Амрико дар Аврупоро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG