Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯшиши раҳоӣ аз буҳрони вомҳои манзилӣ


Ожонси федералии сармоягузории манзилҳо ҳамроҳ бо Бонки марказии ИМА, ниҳоди зидахли давлатӣ ва чанд ширкати қарздиҳандаи дигар ахиран як тарҳро муаррифӣ намуданд.

Воқиъан, ожонси федералии сармоягузории манзилҳо моҳи сентябр идораи ду бузургтарин ширкати қарздиҳанда “Фаннӣ Мей” ва “Фреддӣ Макро”-ро ба души худ гирифта буд.

Ба бовари мутахассисон, ин гоми бисёр муҳим аст, чунки ширкатҳои “Фаннӣ Мей” ва “Фредди Мак” соҳиби нисфи вомҳои манзилии Амрико мебошанд ва пардохти ин қарзҳоро кафолат додаанд. Ёвари муншии бахши суботи молиявии Бонки марказии ИМА Нил Кашкарӣ иттилоъ дод, ки иҷрои тарҳ 15-уми декабр оғоз мегардад ва ба зудӣ ба манзилдорон имкон медиҳад аз тариқи гуфтушунуд тарзу замони пардохти қарзҳои гирифтаашонро тағйир диҳанд.

Албатта, на ҳама қарздорон ҳақ доранд барои бозбинии шурути қарзҳояшон муроҷиъат кунанд. Ҳамин тавр, ҳар он касе, ки фоизҳои қарзашро дар давоми на камтар аз 3 моҳ напардохтааст ва вомаш 90% ё аз он бештари нархи манзилашро ташкил медиҳад, ҳақ дорад чунин ёриро дархост кунад. Фоизи қарзи чунин қаздорон тавре коҳиш дода мешавад, ки пардохти ҳармоҳаашон на бештар аз 38 дарсади даромадашонро ташкил диҳад.

Дигар як интихоб тамдиди вом аз муҳлати 30 сол то 40 сол ва ҳамзамон як қисми пули қарзгирифтаашон ҳамчун қарзи бе фоиз ҳисобида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бино бар иттилоъи анҷумани бонкҳои вомдиҳанда, 4 миллион соҳибони манзилҳои Амрико ё тақрибан 9 дарсади қарздорони вомҳои манзилӣ ё фоизи қарзҳояшонро сарии вақт надода ва ё вориди раванди муфлисшавии қарзаҳояшон шудаанд, бонк бояд манзилашонро ба ихтиёри худ бигирад.

Аммо ин изҳорот барои хонаводаи Трой Кортни 44-и сола дер эълом шуд. Ӯ, ки ходими полиси шаҳри Сан-Франсиско мебошад, дар аввалин рӯзҳои моҳи ҷорӣ маҷбур шуд бачаҳояш, се саг ва як гурбаро гирифта, манзилашро дар шаҳраки Милл Велеи иёлати Калифорния тарк кунад. Ҳамин тариқ, Трой, ки қобилияти пардохти воми гирифтаашро надошт, ба манзили иҷора гузашт. Бо вуҷуди он, ки Трой шабу рӯз кор мекард, соатҳои иловагии корӣ мегирифт ва ҳатто аз пасандози нафақааш истифода мебурд, чун наметавонист барои пушонидани фоизи вом бо бонкаш ба тавофуқ бирасад. Ӯ гуфт, ки хеле хашмгин ва аз низоми давлатӣ хеле норозӣ аст.

“Дойче Банк”, бонки миллии Олмон, ҳадс мезанад, ки 80 дарсади қарзҳои бастабандишуда ба сармоягузорон дар саросари дунё фурӯхта шудаанд, аммо 20 дарсади қарзҳои боқимондаро мешавад ба осонӣ бозбинӣ намуд, чунки онҳо як соҳиб доранд.

Бо ин ҳама, таҳлилгарон бар инанд, ки изҳороти рӯзи сешанбе дар якҷоягӣ бо стротежиҳои қаблӣ гоми бисёр муҳим ҷиҳати баромадан аз буҳрони вомҳои манзилист, ки сабаби аслии сар задани буҳрони саросарии молӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG