Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамнишинии шоҳи Саудӣ ва президенти Исроил дар Ню Йорк


Подшоҳи Арабистони Саудӣ ва президенти Исроил қарор аст, ҳамроҳ дар як зиёфат дар Созмони Милали Муттаҳид ширкат кунанд. Ин зиёфатро Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун ба муносибати ҳамоиши ҷаҳонии гуфтугӯи адён ва фаҳрангҳо, ки Саудия асосгузори он аст, барпо кард. Вай гуфт: "Ҳодисаи нодир аст, ки президенти Исроил Перес ва шоҳи Арабистони Саудӣ ва бисёр подшоҳу раҳбарон аз ҷаҳонми араб як ҷо нишинанд ва бо ҳам таом бихӯранд. Бисёр рӯҳбаландкунанда ва мусбат." Бан изҳори умедворӣ кард, ки ин нишаст ба муколама ва тафоҳуми бештар роҳ мекушояд.
XS
SM
MD
LG