Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости нақли нерӯи бештари НАТО ба Афғонистон


Мақомоти Бритониё ва Амрико аз кишварҳои Паймони Атлантики Шимолӣ даъват карданд ба Афғонистон нирӯи бештар бифиристанд ва ба эътилофи байнулмилалӣ дар шикаст додани ситезаҷӯёни Ал Қоъида ва Толибон кӯмак кунанд. Онҳо ширкати НАТО-ро дар амалиёт дар Афғонистон нокофӣ ва авзоъро нигаронкунанда номидаанд. Паймони Атлантики Шимолӣ феълан дар Афғонистон 50 000 сарбоз дорад, ки 20 000 нафари онҳо аз Амрико ва 8 000 нафар аз Бритониё мебошанд.Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин ҳазорон сарбозе дорад, ки берун аз фармони НАТО дар ин кишвар амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG