Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвориҳои президенти Беларус аз Барак Обама


Президенти Беларус, Аляксандр Лукашенко, аз пирӯзии Барак Обама дар интихоботи президентии Амрико истиқбол кард ва гуфт, умедвор аст, Обама равобити мушкили миёни ду кишварро беҳбуд мебахшад. Лукашенко гуфт, Обама шахсест, ки метавонад ба авзоъ нигоҳи воқеъбинона дошта бошад. Вошингтон бо интиқод аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Беларус алайҳи ин кишвар таҳримҳо эълон карда буд, аммо бархе аз онҳоро пас аз озодии охирин маҳбуси сиёсӣ аз зиндон, лағв намуд.
XS
SM
MD
LG