Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши «Фарҳанг ва сулҳ» дар Ню-Йорк


Шимон Перес, президенти Исроил ва Шоҳ Абдуллоҳ, шоҳи Арабистони Саъудӣ

Шимон Перес, президенти Исроил ва Шоҳ Абдуллоҳ, шоҳи Арабистони Саъудӣ

Имрӯз, чаҳоршанбеи 12 ноябр, дар бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҳамоиши байнулмилалии “Фарҳанг ва сулҳ” ифтитоҳ мешавад.

Ҳафт сол баъд аз он ки 15 шаҳрванди Арабистони Саъудӣ ҳавопаймоҳои амрикоиро рабуда, онҳоро дар ду бинои азими Созмони ҷаҳонии тиҷорат мунфаҷир карданд, бо ибтикори шоҳи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ маҳз дар Ню-Йорк форуми СММ оид ба мусолиҳа ва гуфтугӯи мазҳабҳо баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, дар ин нишаст раҳбарони 70 кишвари олам, аз ҷумла, раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш, президенти Исроил Шимон Перес, сарвазири Фаластин, шоҳи Урдун, сарони Кувайт, Баҳрайн, Филиппин, Финландия, Покистон, Лубнон ва дигар кишварҳо ширкат кунанд.

Попи Рум Бенедикти 16 ҳини зиёраташ аз Истанбл ду соли қабл бо ҳадяҳо аз Масҷиди Султон Аҳмад (Blue Mosque) боздид ба амал овард ва ҳини салотгузорияш дар ин масҷид ба эҳтироми мусалмонҳо рӯ ба Макка овард.

Гуфта мешавад, ин форум идомаи гуфтушуниди адён дар Мадрид дар моҳи июни соли равон ва идомаи талошҳои дипломатии шоҳ Абдуллоҳ барои эҳёи раванди сулҳи Ховари Миёна аст. Шоҳ Абдуллоҳ дар ин мавзӯъ қаблан дар Ватикан бо Попи Рум Бенедикти 16 ва дар Макка бо раҳбарони сунниву шиамазҳаб мулоқот анҷом дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мунаққидони форуми “Сулҳ ва адён” мегӯянд, ин нишаст бо ибтикори Арабистони Саъудӣ, бо ибтикори кишваре доир мешавад, ки дар қаламраваш фаъолияти дигар мазҳабҳо мамнӯъ аст. Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико мегӯяд, ки дар Арабистони Саъудӣ озодии мазҳабӣ аслан мавҷуд нест. Зимнан, дар форуми СММ, чун дар нишасти Мадрид, рӯҳониёни воломақоми Арабистони Саъудӣ, аз ҷумла, муфтии ин кишвар ширкат нахоҳанд дошт.

Форуми Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран ба хотири гуфтугӯи Ислом бо дигар адён аз гомҳои нав кор гирифта мешавад. Ҳафтаи гузашта рӯҳониёни воломақоми исломӣ ва католикҳои Ватикан дар як нишаст талош карданд, то нуқтаҳои назари воҳиди ду динро пайдо намоянд. Яке аз созмондиҳандагони ин нишаст - кардинал Ҷон Луис Тауран, масъули бахши равобит бо Исломи Ватикан дар конфронси СММ низ ширкат хоҳад кард.

Дар ин форум Сайид Муҳаммад Тантавӣ, яке аз раҳбарони мазҳабии Миср ва Имоми масҷиди ал-Азҳар низ ҳузур хоҳад дошт. Сайид Муҳаммад Тантавӣ яке рӯҳониёни бонуфуз дар ҷаҳони Ислом маҳсуб мешавад.

Зимнан, ҷонибдорони ҷараёни ваҳҳобияи Арабистони Саъудӣ аз ҳама гуна тамос бо афроди ғайримусалмон ё ба истилоҳ “кофирҳо” парҳез мекунанд ва табиист, ки дар форуми СММ нафаре аз онҳо ширкат нахоҳанд кард.

Гуфта мешавад, баъд аз ҳаводиси рӯзи 11 сентябри соли 2001, ҳамлаи густардаи террористӣ ба Вашингтон ва Ню-Йорк, ки бештари ҳавопайморабоён шаҳрвандони Арабистон Саъудӣ буданд, ин кишвар барои дубора пайдо кардани нуфуз чун кишвари пуштибон аз таҳаммулпазирӣ талош меварзад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG