Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии СММ аз иҷрои ҳукми эъдом дар Афғонистон


Навӣ Пиллай, куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, аз давлати Афғонистон даъват кард, иҷрои ҳукми эъдомро қатъ кунад. Хонум Пиллай дар бораи иҷрои ҳукми эъдоми дасти кам 5 маҳкум тайи чанд рӯзи охир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ афзуд, навоқиси мавҷуд дар кори пулис ва додгоҳҳои Афғонистон хатари бузурги судури ҳукмҳои ноодилонаро ба вуҷуд меорад. Навӣ Пиллай аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай даъват кард, иҷрои ҳукми қатлро дар кишвараш таҳти мораториум қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG