Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Обама Гуантанаморо мебандад


Мушовирони Барак Обама, раисҷумҳури мунтахаби ИМА сари дарёфти роҳҳои бастани маҳбаси Гуантанамо андеша доштаанд.

Барак Обама дар маъракаи пешазинтихоботӣ чандин бор ишора карда буд, ки баъди пирӯзӣ маҳбаси воқеъ дар пойгоҳи низомии Гуантанамои Кубаро мебандад.

Теъдоди ҷонибдорони баста шудани маҳбас дар ҷомеъаи Амрико бузург аст – гуфта мешавад, ки мавҷудияти зиндон барои гумонбарони терроризм хилофи қавонини Амрикост ва ба нуфузи ИМА чун кишвари ҳомии ҳуқуқи башар латма мезанад.

Маҳбаси Гуантанамо берун аз қаламрави Амрико ҷойгир аст ва аз ин рӯ, аз як сӯ, боздоштшудагон аз ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандони амрикоӣ бархудор нестанд ва аз сӯи дигар, қонунҳои низомӣ ҳам дар баробари онҳо муроот намешаванд.

Айни ҳол дар маҳбаси Гуантанамо, ки баъд аз шурӯъи ҷанг бо террор таъсис шудааст, тақрибан 255 гумонбари ваҳшатафканӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо бо гумони узвият ба созмони “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон, Ироқ ва дигар кишварҳо боздошт шудаанд. Ба иттилоъи расмӣ, қарор аст бозрасии парвандаи тақрибан 80 гумонбари терроризм дар Гуантанамо аз сӯи додгоҳи низомӣ пушти дарҳои баста сурат бигирад. Ҳудудан 50 гумонбари дигар бо тасмими шӯроҳои назорати маъмурӣ бояд маҳбасро тарк гӯянд ва аммо то ҳанӯз дар Гуантанамо нигаҳ дошта мешаванд. Гуфта мешавад, Вошингтон аз он ҳарос дорад, ки бархе аз ин афрод баъди бозгашт ба ватанашон дарҳол озод карда хоҳанд шуд. Гурӯҳи дигар барои он то ҳол дар маҳбасанд, ки мақомоти кишварҳояшон ба бозгашти онҳо комилан мухолифанд.

Аз ин пеш маъмурияти Ҷорҷ Буш чандин бор эълом дошт, ки маҳбаси Гуантанаморо бастанист ва аммо фақат баъд аз пайдо кардани василаи дигари нигаҳ доштани гумонбарони терроризм. Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино рӯзи 10 ноябр дар робита ба ин мавзӯъ гуфт: “Ин масъалаҳо чигиланд ва мо як равандеро пеш гирифтаем, ки, гумон мекунем, барои дуруст ва аз тариқи додгоҳҳои низомӣ бозрасӣ кардани парвандаҳои онҳо кор хоҳад дод”. Хонум Перино афзуд, ки мушовирони Барак Обама мехоҳанд гумонбарони терроризм аз ин пойгоҳи воқеъ дар Куба ба қаламрави Амрико интиқол дода шаванд. Ин ба маҳбусон имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. Ҳамзамон ба истифодаи шиканҷа зимни бозпурсии маҳбусони Гуантанамо хотима дода хоҳад шуд.

Аслан дар додгоҳҳо ва, аз ҷумла, дар додгоҳи низомӣ гумонбар имкон дорад, ки дар ҷараёни мурофиа бо ҳама иттиҳомот ва баёноти шоҳидон ошно шавад. Вале мурофаи гумонбарони терроризм вижагиҳои худро худро дорад. Аз ҷумла, баёноти шоҳидон комилан махфӣ нигаҳ дошта мешавад, зеро ошкор шудани шоҳидон рӯшод гаштани он кормандони хадамоти кашфро низ ба думбол дорад, ки ба шабакаҳои террористӣ роҳ ёфтаанд. Ва гурӯҳҳои ваҳшатафканӣ бо мушаххас шудани шоҳидон метавонанд ҷосусҳоро низ ба осонӣ аз байн бубаранд.

Баъд аз пахши хабар дар мавриди эъломияи Барак Обама оид ба бастани маҳбаси Гуантанамо Денис Макдонав - яке аз мушовирони Обама дар масоили сиёсати хориҷӣ ташреҳ кард, ки айни ҳол дар мавриди чӣ гуна ва дар куҷо баргузор шудани мурофиаи гумонбарони терроризм ягон тасмим мавҷуд нест ва то ташкили ҳукумат аз ягон иқдом кор гирифта нахоҳад шуд.

Ва ин дар ҳолест, ки сиёсатмадорони амрикоӣ аллакай ба ин эъломия вокуниш нишон додаанд. Узви Сенат аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон Корнин имрӯз, 11 ноябр, гуфт, ки “арзёбии терроризм чун ҷинояти муқаррарӣ - иштибоҳи бузург хоҳад буд”. Ва Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико дар як саҳифаи рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” эълони тиҷоратиеро нашр кард, ки дар он аз Барак Обама даъват шудааст, то дар рӯзи аввали кори ҳукуматаш Гуантанаморо бубандад.

XS
SM
MD
LG