Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қиёси Қазоқистон ва Амрико дар тафсири собиқ сарвазир


Акежан Кожегелдин, собиқ нахуствазири Қазоқистон менависад, ба унвони як шаҳрванди Қазоқистон вай дар вазъияте қарор надорад, ки дар чунин шароите ба дӯстони амрикоии худ сабақ бидиҳад, зеро дар Қазоқистон кланҳои сиёсӣ ё ҳизбҳо дар вазъи ғайриқобили тасаввур қарор доранд ва аз ҳар кору фаъолияте дур андохта шудаанд. Вай мегӯяд, бо порлумони якҳизбӣ ва раисҷумҳури доимӣ байни гурӯҳҳои рақиб барои эъмоли нуфуз муборизаҳои шадид идома дорад.

Акежан Кожегелдин, ки дар Амрико дар ҷараёни муборизаҳои интихоботии ҳизбҳо дар анҷуманҳои муқаддамотии онҳо ширкат ҷустааст, муборизаҳои ҳизбии Амрикоро бо шароити фаъолияти ҳизбҳо дар кишвари худаш муқоиса мекунад ва бо ишора ба президент Нурсултон Назарбоев чунин мегӯяд:

"Мо замоне бо интиқоди шадид аз низоми яккаҳизбии Ҳизби Коммунист сарфи назар кардем ва ҳоло расидем ба низоми яккаҳизбии "Нуратан". Ман фикр намекунем, ки ин хуб бошад, Назарбоев инро худаш хеле хуб медонад ва борҳо ин нуктаро эътироф ва дар бораи он сӯҳбат кардааст".

Оқои Кажегелдин меафзояд, ҳукумати Қазоқистон ба ҷои муборизаҳои ақидатӣ тамоми манобеъро зери контрол гирифтааст ва сарнавишти онро таъйин мекунад. Дар Қазоқистон на танҳо кланҳои сиёсӣ, балки кланҳои иқтисодӣ вуҷуд доранд. Ба гуфтаи вай, чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи ширкатҳои давлатӣ ва бонкҳо тибқи қонун ё муқаррароти бозори иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Вале дар асл сохторҳои моликияти хусусӣ, идораи умур ва тақсими даромад шаффоф нест ва ҳамаи онҳо аз манофеъи клан ё гурӯҳе ҳимоят мекунанд.

Акежан Кожегелдин мегӯяд, нирӯҳои мухолифон аз порлумону ҳукумат дур карда шудаанд. Вале агар онҳо дубора ба қудрат баргарданд, набояд шабакаи клани худро ташкил диҳанд, аз қабили шабакае, ки ҳоло Нурсултон Назарбоевро печонидааст.

Ба гуфтаи нахуствазири собиқи Қазоқистон, агар сиёсатмадорони демократи ин кишвар натавонанд дар ояндаи наздик оппозитсияи қавӣ ташкил кунанд, дар он сурат дар шароити буҳрони кунунӣ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ мумкин аст чунин оппозитсия ба майдон ояд. Чунин нирӯи мухолиф метавонад ҳизби тундгарое бо сарпарастии раҳбарони ҷавоне бошад, ки муддатеро дар зиндонҳо сипарӣ кардаанд ва ҳоло дар миёни мардум ном доранд.

Дар робита бо интихоби Барак Обама дар Амрико оқои Кожегелдин мегӯяд, Аврупо интизори раисҷумҳури нави Амрико буд ва ҳоло ин раисҷумҳур бо вуҷуди бӯҳрони кунунии молӣ бояд масоили байнулмилалиро низ ҳал кунад. Оқои Кажегелдин Афғонистонро яке чунин масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ хондааст ва онро захме дар ҷисми Осиёи Марказӣ медонад. Вай гуфтааст, то ҳол ҳамсоягони наздики Афғонистон барои ҳалли бӯҳрони сиёсии ин кишвар саҳми қобили мулоҳиза надоштаанд, бо вуҷуди ин ки пирӯзии нирӯҳои эътилоф бар терроризм дар Афғонистон метавонад заминаи мӯътамади субот дар ин кишварҳо бошад. Акежан Кожегелдин мегӯяд, раисҷумҳури нави Амрико бояд бо баргузории конфронсе роҷеъ ба Афғонистон маҳофили байнулмилалиро барои ҳалли бӯҳрон ба ҳамкорӣ ташвиқ ва ҷалб кунад, то Афғонистон зудтар бозсозӣ шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG