Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Ҷорҷ Крол аз Тоҷикистон


Сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейсӣ Ҷейкобсон ва Ҷорҷ Крол, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар Душанбе

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейсӣ Ҷейкобсон ва Ҷорҷ Крол, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар Душанбе

Имрӯз Ҷорҷ Крол, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар Душанбе, бо раисҷумҳури Тоҷикистон, вазири хориҷа ва созмонҳои ғайриҳукуматии ин кишвар мулоқотҳо баргузор кард.

Рӯзи дигар ӯ ба Панҷи Поён ҷиҳати ошноӣ бо фаъолияти пули миёни Тоҷикистону Афғонистон сафар хоҳад кард. Дар поёни мулоқотҳояш имрӯз муовини ёвари котиби давлатии Амрико бо хабарнигорон низ вохӯрд.

Як мақоми вазорати хориҷаи Амрико бархурди дигаргунаи Тоҷикистон ба масоили рушди равандҳои демократӣ ва озодии баёнро аз ҷумлаи ихтилофи назарҳое ном бурд, ки дар равобити ду кишвар ба чашм мехӯранд.

Муовини ёвари котиби давлатии Амрико, ки баъд аз мулоқот бо раисҷумҳур, вазири хориҷа ва ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукумативу соҳибкорони Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҷонибҳо бар зарурати рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ, волоияти қонун ва озодии баён иттифоқи назар доранд, аммо бархӯрди Амрико ба ин масоил дар Тоҷикистон дигар аст ва бархӯрди мақомоти ин кишвар дигар.

Вай афзуд, «вақте мо – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба пуштибонӣ ва эҳтироми журналистикаи озод ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ даъват мекунем, ин на ба он хотир аст, ки дар Тоҷикистон ноамнӣ эҷод шавад. Ва ё журналистони озод ё созмонҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ё созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҷосусони Амрико нестанд, балки онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷиистон ҳастанд ва метавонанд дар рушди кишвар нақши хеле муҳим бозанд».

Оқои Крол афзуд, ҳамчунин дар мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон бештар рӯи мушкилоти зимистони оянда дар Тоҷикистон ва вазъи кунунии Афғонистон сӯҳбат кардааст. Ва дар посух ба он суол, ки оё Амрико дар пайи мушкилоти зимистони Тоҷикистон паёмадҳои нохуши амниятӣ ва сиёсиро мебинад, оқои Крол гуфт, ин вазъ хоси на фақат Тоҷикистон, балки Қирғизистон низ аст ва кишвараш дар ин мушкилот сирф ҷанбаи инсониро мебинад. Вай афзуд, камбуди энержӣ ба ҳангоми зимистон дар ин кишварҳо сохторӣ ё систематик шудаанд, аз ин хотир Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати ҳалли онҳо бо ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, имсол ин кишвар кӯмакашро ҷиҳати ҳалли мушкилоти зимистон дар Тоҷикистон аз 3 миллион доллари соли гузашта ба 6 миллион афзудааст.

Ҷорҷ Крол, муовини ёвари котиби давлатии Амрико гуфт, дар мавриди Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳои нав ба маъмурияти нави Амрико дорад, аммо аз гуфтани онҳо худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG