Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Севвуним соли сафирии Р. Абдулатипов


Рамазон Абдулатипов

Рамазон Абдулатипов

Рамазон Абдулатифов, ки ба фаъолияти севвунимсолааш ба ҳайси сафири Русия дар Душанбе хотима бахшид, гуфт, ба дурнамои равобити Маскаву Душанбе бо хушбинӣ нигоҳ мекунад.

Аммо вай созишномаи соли 2004 имзошуда миёни ширкати РусАл ва ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғунро иштибоҳ донист ва гуфт, ки он як муддат ба печдаргумии муносиботи ҷонибайн сабаб шудааст: “Ин иштибоҳ буд. Ҳатто ба Дерипаска гуфтам, ки дар як тараф танҳо ӯ ва дар тарафи дигар ҳукумати Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Аз аввал бояд созишномаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун миёни ҳукуматҳои ин ду кишвар имзо мешуд ва Русия ширкатҳои иҷрогар рӯйи ин тарҳро муайян мекард”.

Рамазон Абдулатифов афзуд, агар созишнома миёни мақомоти Маскаву Душанбе ба имзо мерасид, ҳоло ҷониби Русия имкон дошт, ки ҳоло ду чархаи нерӯгоҳи Роғунро ба кор дароварад: “Дар идомаи се сол талош кардам, то ин иқдом муносиботи ҳар ду кишварро тақвият бахшад. Ҳарчанд ин иқдом ҳоло беҳтарин аст, аммо баҳси Роғун аз ин доира фаротар рафтааст. Ман баҳсҳои мухталиф ва ҷангҳои лафзӣ гирди номи Роғунро дар назар дорам”.

Оқои Абдулатифов ҳарчанд дар нишасти хайрбодии хабариаш дақиқ ба шарҳи мавзӯъи баҳс дар атрофи Роғун напардохт, аммо гуфт, ки мушкилиҳои марбут ба ин нерӯгоҳ ва масоили дигар дар минтақа аз Тошканду Душанбе бастагӣ доранд. Бо ин ҳол, назарҳо дар маҳфилҳои Тоҷикистон пиромуни замони сафорати Рамазон Абдулатифов ва натоиҷи маъмурияти севунимсолаи ӯ дар Душанбе мухталифанд.

Таҳлилгари тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, мушкил аст гуфтан, ки фаъолият ва талошҳои Рамазон Абдулатифов то куҷо муваффақ ва то куҷои дигар ноком буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин нукта рӯшан аст, ки замони сафирии Абдулатифов аз замони сафирии Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон, тафовуте надошт:

“Гуфтан мушкил аст, ки муносибатҳо дар ин давра то куҷо рушд ёфтанд. Вале дар маҷмӯъ ин муносибот хеле кам тағйир диданд. Ҳамчунин гуфтан мехоҳам, ки ҳама чиз аз Рамазон Абдулатифов вобаста набуд. Балки масъалаи бунёди Роғун ва масоили дигар фаротар аз долонҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ва Русия ҳал мешуданд ва мешаванд”.

Созишномаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки дар бештар аз садкилометрии Душанбе қарор дорад, моҳи октябри соли 2004 миёни ширкати русии РусАл ва ҳукумати Тоҷикистон имзо шуд. Ва РусАл муваззаф буд, дар навбати аввал барои иҷрои ин тарҳ 600 миллион доллар ихтисос диҳад. Вале мақомоти Тоҷикистон ба далели ин ки ширкати РусАл ӯҳдадориҳояш тибқи шартномаро иҷро намекунад, якҷониба ин ширкатро аз сохтмони Роғун берун андохт ва эълом кард, ки сохтмони Роғунро бо захоири молии дохилӣ шурӯъ карда ва бо ташкили як Консорсиюми байнулмилалӣ анҷом медиҳад.

Бо ин ҳол, Рамазон Абдулатифов мегӯяд, ӯ нисбат ба ояндаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун хушбин аст ва ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия ҳам мехоҳад дар сохтмони он кӯмак ва иштирок намояд, аммо ба ин шарт ки Тоҷикистон ҳаққи Маскавро муқаррар намояд.

Ҳамин тавр, оқои Абдулатифов, ки севвуним сол сафири Русия дар Тоҷикистон буд, фаъолияташ дар Душанберо хотима дод ва гуфт, ки ҳоло дақиқ намедонад боз дар куҷо ва чи дар вазифае кор хоҳад кард, вале ин рафтанаш аз Тоҷикистон маънои барнагаштани ӯро надоштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG