Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии Афғонистон дар Душанбе


Имрӯз, 11 ноябр, дар Душанбе зимни як нишасти байнулмилалӣ масоили амнияти Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин ҳамоиш, ки намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Русия, Бритониёи Кабир ва созмонҳои мухталифи байнулмилалӣ ширкат доштанд, роҳҳои расидагӣ ба вазъи нигаронкунандаи сиёсии Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз густариши экстремизму терроризм ба кишварҳои дигари ҷаҳон, ба вижа ҳаммарз бо Афғонистонро баҳс карданд. Қарор аст, ин нишаст фардо 12 ноябр низ идома кунад ва дар интиҳо ширкаткунандагон дар мавриди расидан ба муваффақият дар беҳбуди вазъи сиёсии Афғонистон пешниҳодоти мушаххаси худро ироа намоянд.

Ба қавли Абдуғаффор Левол, раҳбари маркази таҳқиқоти минтақаии Фарҳангистони улуми Афғонистон феълан суоли матруҳа дар мавриди вазъи сиёсии кишвараш ҷилавгирӣ аз дахолати бархе кишварҳои ҳаммарз ба вазъи сиёсӣ Афғонистон аст, ки ахиран ба гуфтаи ӯ, ин мудохила хеле афзоиш ёфтааст. Оқои Левол бар ин аст, ки ибтидо бояд назарҳои манфӣ дар мавриди Афғонистонро аз зеҳни мардуми ҷаҳон хориҷ кард, зеро ин кишвар ҳеҷ гоҳ лонаи терроризм, паноҳгоҳи террористон набуда ва нест, балки Афғонистон назири кишварҳои дигари ҷаҳон қурбонии терроризм аст:

Абдуғаффори Левол, созиши ҳукумати Афғонистон бо толибони дохилиии кишварашро қобили қабул медонад, аммо бар ин аст, ки бо толибони хориҷӣ сари мизи музокирот нахохад нишаст, зеро аҳдофи аслии онҳо ҷангу нооромӣ дар Афғонистон аст. Дар робита ба қавли ӯ, бояд нирӯҳои Амрико ва Ғарб стротежики худ дар Афғонистонро тағйир дода ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои истиқрори сулҳу оромиш дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон лонаи терористон дар хориҷи кишварашро хунсо созанд.

Ҷорҷ Крол, муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, низ вазъи сиёсӣ дар Афғонистонро ба гунаи хеле мушкил унвон карда ва мегӯяд, дар робита ҳамкориҳои кишвараш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоякишварҳои Афғонистон дар ҳоли тақвият аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳузури нирӯҳои эътилофи Амрико ва Ғарб дар Афғонистонро бархе аз кишварҳои минтақа, ба хусус Эрон намепазирад. Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар Афғонистон бояд қудрат дар дасти худи афғонҳо бошад ва онҳо пуштибонӣ шаванд, то кишвари худро ҳифозат кунанд. Ӯ меафзояд, дар мавриди ҳалли қазияи Афғонистон истифода аз қудратҳои минтақаӣ муфидтар аз он хоҳад буд, ки кишварҳои дигаре аз гӯшаҳои дури ҷаҳон сари ин мушкил дар Афғонистон ворид шудаанд. Ба қавли ӯ, гуфтугӯи давлати Афғонистон бо Толибон вазъро махуфтар намуда ва ифротгароӣ дар ин кишварро афзоиш хоҳад дод.

Давлат Усмон, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бар ин аст, ки феълан, вазъи бӯҳронии сиёсии Афғонистон бозгӯи шикасти нирӯҳои Паймони Атлантики шимол дар ин кишвар аст. Ба эътиқоди ӯ, эҳтимоли доман густурдани ин бӯҳрони сиёсии Афғонистон ва таъсиригузории он ба кишварҳои минтақа, назири Тоҷикистон ва Чин вуҷуд дорад. Оқои Усмон мегӯяд, роҳи ягона ва ногузир афзоиши кӯмакҳо ба давлати Афғонистон ва роҳи ҳалли қазия аз тариқи дипломатӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки аксари коршиносон нақши Тоҷикистон ба сифати як кишвари миёнрав ва саҳмгузор дар ҳалли қазияи Афғонистонро муассир унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, ҳамкориҳои Тоҷикистон дар гузашта ва пуштибонии он аз Эътилофи шимоли таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳамчунин кӯмак ба нирӯҳои Паймони Атлантики шимол дар интиқоли молу мавод ва силоҳ ба Афғонистон, ҳамчунин мубориза бо интиқоли маводи мухаддир дар ин маврид муассир будааст.

XS
SM
MD
LG