Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олии футбол: «Парвоз» - «Хуҷанд» - 1:1


Даври 33-юми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бегоҳи 11-уми ноябр бо дидори дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз ёфт.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ҳарду гол дар муддати як дақиқа зада шуд. Нахуст Ҷомихон Муҳиддинов, ҳамлагари дастаи «Парвоз», дар дақиқаи 77-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди як дақиқа бозигари «Хуҷанд» Юсуф Рабиев ҳисобро баробар намуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими «Регар» ТадАЗ бо 71 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Дастаи «Хуҷанд» бо 66 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Тими «Парвоз» бо 61 имтиёз ҷои севумро касб кардааст. Вале «Регар» ТадАЗ нисбат ба рақибони аслиаш 2 бозӣ камтар анҷом додааст. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ миёни ин се дастаи пешсаф дар бозиҳои давраи охирини мусобиқот торафт тезутунд хоҳад шуд.

13-уми ноябр «Регар» ТадАЗ дар меҳмонӣ бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ хоҳад кард.

Дар сабқати беҳтарин голзанҳои мусобиқот ҳамлагари дастаи «Парвоз» Нӯъмон Ҳакимов дар ҷои аввал мебошад. Вай дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар 25 гол ба самар расондааст. Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари тими «Энергетик»-и Душанбе, бо 23 гол дар ҷои дуввум қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

27

23

2

2

95-23

71

2.

«Хуҷанд»

29

21

3

5

50-20

66

3.

«Парвоз»

27

19

4

4

61-20

61

4.

«Вахш»

29

18

3

8

45-26

57

5.

«Энергетик»

29

12

3

14

52-45

39

6.

«Тоҷиктелеком»

29

12

1

16

44-51

37

7.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

8.

CСKA «Помир»

31

7

2

22

21-71

23

9.

«Саройкамар»

28

6

5

17

36-58

23

10.

«Гвардия»

30

6

4

20

27-62

22

11.

«Равшан»

29

4

4

21;

27-83

16

XS
SM
MD
LG