Пайвандҳои дастрасӣ

65 соли зиндон барои ширкат дар тазоҳурот


Имрӯз як додгоҳи вижа ҳар кадом аз 23 тазоҳургари соли гузашта дар Мянмар боздоштшударо ба 65 соли зиндон маҳкум кард. Ин тазоҳургарон соле пеш аз ҷониби маъмурони хунтаи низомии Мянмар дар ҷараёни як раҳпаймоии нирӯҳои тарафдори демократия боздошт шуданд. Як ташаккули умдаи мухолифин ба раҳбарии Аунг Сан Суу Кӣ, ки худ низ таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудани дасти кам 14 тан аз фаъолонашро таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG