Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури Буддои нав дар Непал?


Дар Непал наврасе, ки мардуми зиёде ба зуҳури тозаи Буддо будани ӯ эътиқод доранд, баъд аз як соли ғайб заданаш аз як ҷангалистон дар ҷануби Непал дубора зоҳир шуда, таваҷҷӯҳи ҳазорон пайравашро ба худ кашид. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ба хотири зиёрати Рам Баҳодур Бомҷони 18-сола ҳазорон нафар аз манотиқи мухталиф ва ҳатто аз Ҳинд худро ба маҳалли зуҳури дубораи ӯ расонданд. Ин дар ҳолест, ки байни пайравони дини Буддоӣ бар сари зуҳури тозаи Буддо будан ё набудани ин наврас ихтилофи назар вуҷуд дорад. Сиддҳартҳа Гаутама, ки баъдан бо номи Буддо маъруф шуд, тақрибан 500 сол пеш аз милод дида ба ҷаҳон кушодааст. Дар дунё дар ҳоли ҳозир ҳудуди 325 миллион пайрави дини Буддоӣ ба сар мебарад ва буддоиҳо сахт бовар доранд, ки Буддо ҳар сари чанд вақт дар ҷисми афроди гуногун аз нав зуҳур мекунад.
XS
SM
MD
LG