Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси масоили Афғонистон дар Душанбе


Имрӯз дар Душанбе анҷумани дурӯзаи байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: чолишҳо, имконот ва дурнамо” оғоз ба кор кард. Ин ҳамоиш бо пуштибонии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии масоили стротежӣ, мақараш дар Лондон, ва дафтари САҲА дар Душанбе баргузор шуда, дар ҷараёни он вазъи Афғонистон, таъсири он ба Осиёи Марказӣ ва ҳам нақши кишварҳои минтақа дар амри кӯмак ба барномаҳои эмори баъдиҷангии Афғонистон баҳс мешавад.
Normal 0

Ҷорҷ Крол, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико ва аз ширкатдорони анҷумани Душанбе вазъи кунунӣ дар Афғонистонро чунин ба қалам дод: “Албатта, вазъ дар Афғонистон хеле мураккаб аст, аммо мо ҳамкории зичро бо шарикони худ, бо ҳамсояҳои Афғонистон ва ҳам бо мақомот ва давлати Афғонистон идома медиҳем. Ин масъала аз ҳама сабурӣ мехоҳад.”

Дар ин ҳамоиш беш аз 30 коршинос аз Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳинд, Русия ва аз Аврупову Амрико ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG