Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи даъват ба артиш 80% иҷро шудааст


Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба хабаргузориии “Азия Плюс” гуфтааст, нақшаи маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи артиши кишвар 80 дарсад иҷро шудааст. Тибқи омори вазорати дифоъ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 600 000 афроди синни даъватӣ, яъне аз 18- то 27-сола ба сар мебарад, ки аз ин миён 150 000 нафараш аз адои хидмат дар артиш озод буда, ҳудуди 100 000 дар Русия кор мекунанд. Дар даъвати баҳорӣ, ки то 15 июн тамдид шуда буд, беш аз 8 000 нафар ба сафи артиш даъват шуданд. Даъвати тирамоҳӣ ба артиши Тоҷикистон то поёни моҳи ноябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG