Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел Обама – нахустин хонуми аввали сиёҳпӯст дар ИМА


Раисҷумҳури ояндаи Амрико Барак Обама танҳо касе нест, ки исмаш ба ҳайси нахустин раҳбари африқоитабори Амрико шомили таърих хоҳад шуд. Ҳамсари ӯ Мишел Обама низ ба ҳайси хонуми аввали Амрико исми худро дар саҳфаҳои таърих сабт хоҳад кард. Аммо Мишел Обама кист ва чӣ чизе бо худ ба Кохи Сафед хоҳад овард?

Мишел Обама 44 сол ва ду духтари хурд – Малияи 10-сола ва Сашаи 7-сола дошта, дар ҷануби шаҳри Чикаго, минтақае, ки дар он умдатан африқоитаборон аз синфи коргар ба сар мебаранд, ба камол расидааст. То ба ин авохир, яъне то замони барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурии Амрико вориди набард шудани шавҳараш Барак Обама дар бораи зиндагонии Мишел маълумоти зиёде дастрас набуд. Аммо ба муҷарради афзоиши таваҷҷӯҳ ба шахси Барак Обама, таваҷҷӯҳ ба шахси Мишел низ рӯ ба афзоиш овард.

Нахустин суханронии бузурги Мишел Обама дар мазҳари ом дар моҳи август аз минбари баланди анҷумани ҳизби демократи Амрико, ки Барак Обамаро номзади ин ҳизб ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ интихоб кард, садо дод. Мишел Обама дар ин суханронӣ дар бораи арзишҳои ақидатии ӯву шавҳараш сӯҳбат кард ва ҳам аз муҳите, ки ӯ дар Чикаго ба воя расидааст:

“Ман ба анҷуман ба ҳайси як духтаре омадаам, ки дар канораи ҷанубии Чикаго аз падаре ба дунё омадааст, ки намояндаи синфи коргар буд ва аз модаре, ки ҳамроҳи ману бародарам дар хона менишаст. Муҳаббати модарам барои хонаводаи мо ҳамеша як нирӯи ҷонбахш буд. Ва як мояи бузурги хушбахтии ман ин аст, ки ман покиву ҳамдардӣ ва оқилии ӯро акнун дар духтаронам мебинам. Падарам такконбахши мо буд. Бо ин вуҷуд, ки ӯ аз сисолагиаш ба фаромӯшхотирии шадиде печида буд, ӯ таъмингари мо, чемпиони мо, қаҳрамони мо буд.”

Мишел ва бародараш тавонистанд мактаби миёнаро дар Чикаго бо баҳои аъло хатм карда, ба яке аз донишгоҳҳои мӯътабари Амрико – Донишгоҳи Принстон шомил шаванд. Бародари Мишел – Крейг Робинсон аз беҳтарин бозигарони баскетбол дар таърихи Донишгоҳи Принстон маҳсуб мешуд ва феълан мураббии касбии ин навъи варзиш аст.

Мишел ба Мактаби ҳуқуқи Ҳарвард дохил шуд ва шавҳари кунуниаш Барак Обамаро дар ҳамон ҷо вохӯрд. Баъд аз хатми Мактаби ҳуқуқи Ҳарвард ҳарду зану шавҳар вакили мудофеъ шуданд ва дар як ширкати ҳуқуқӣ дар Чикаго ба кор пардохтанд. Барак Обама баъдан умури сиёсатро пеша кард ва аз иёлати Иллинойс ба Сенат интихоб шуд. Аммо Мишел Обама, ки дар Донишгоҳи бемористони Чикаго як мақоми баланди маъмуриро соҳиб шуда буд, назар ба шавҳари сенатораш дар ин авохир маоши хеле баландтар мегирифт.

Дар ҷараёни корзори интихоботӣ, рақибони Барак Обама мехостанд ҳамсари ӯро ҳамчун “як зани бадқаҳри сиёҳпӯст”, яъне ҳамчун африқоитаборе, ки муборизаи тӯлонии ин тоифа алайҳи нажодпарастӣ хашмгинаш кардааст, ба қалам дода, аз ин роҳ ба маъракаи интихоботии шавҳараш латма бизананд. Масалан, вақте дар моҳи феврал шонси пирӯзии Барак Обама ба ҳайси номзад ба интихобот яқинтар шуд, Мишел Обама гуфт, “барои нахустин бор дар зиндагии баркамолаш ӯ бо кишвари худ дар воқеъ ифтихор мекунад, вале на танҳо ба хотири комёбиҳои Барак, балки ба хотири ташнаи ислоҳот будани мардум.”

Мунаққидон ин ҳарфро, ки Мишел “барои нахустин бор” эҳсоси ифтихор бо Амрикоро пайдо кардааст, ғайриватандӯстона хонда, ба боди интиқод кашиданд. Аммо мудофеъони ӯ, аз ҷумла Лаура Буш, ҳамсари президенти кунунӣ Ҷорҷ Буш, бо ҳимоят аз Мишел Обама гуфтанд, ки маънои гуфтаҳои ӯ таҳриф шудааст. Лаура Буш, масалан, гуфт, ки Мишел шояд пайдо кардани эҳсоси ифтихори бештар бо Амрикоро дар назар дошт. Дар ниҳоят, худи Мишел Обама дар анҷумани Ҳизби демократи Амрико низ ба ислоҳи он гуфтаҳояш талош кард:

“Ҳамаи моро ин як бовари оддӣ ба пеш мебарад, ки агар ҷаҳон барои худ набард намекунад, мо масъулем, то барои ҷаҳон набард кунем ва ин бояд чунин ҳам бошад. Ин ҳамон риштаест, ки қалбҳои моро пайванд медиҳад, ҳамон риштаест, ки ману Барак ва хелеҳои дигарро ба роҳ кашида, имшаб дар ин маконе, ки чархи таърих бо мавҷи нав умед ба ҳам меоянд, гирди ҳам овардааст. Ва, шумо мебинед, ман ба хотири ҳамин ин кишварро дӯст медорам.”

Дар пайи расман ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Барак Обама, ҳамсари ӯ хонуми аввали Амрико хоҳад шуд. Дар гузашта ҳамсарони руъасои ҷумҳурии Амрико аз мақоми хонуми аввал ба шеваҳои мухталифе истифода бурдаанд ва феълан ҳам сарусадоҳои зиёде бархоста, ки оё Мишел Обама ин мақоми навашро чӣ гуна тафсир ва чӣ гуна истифода хоҳад кард?

Худи Мишел Обама мегӯяд, ки ҷӯёи кадом нақши мустақими сиёсӣ дар маъмурияти оянда нест. Мишел бо ишора ба духтарони хурдсолаш – Малия ва Саша - мегӯяд, вазифаи аввали ӯ модарӣ ба онҳост. Аммо ӯ афзуд, ки ҳамчунин мехоҳад ҷиҳати осон кардани бори дӯши занони коргаре, ки ҳам бори корхона ва ҳам бори хонаводаро бар дӯш доранд, талош варзида, ёриҳояш ба Барак Обамаро ба ҳайси мушовири ғайрирасмӣ идома диҳад.

XS
SM
MD
LG