Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Ҳюман Райтс Вотч ба хабарнигори узбак


Умеда Ниёзова

Умеда Ниёзова

Умеда Ниёзова, хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон, ба дарёфти ҷоизаи имсолаи Ҳюман Райтс Вотч, созмони дидбони ҳуқуқи башар, мақараш дар Ню-Йорк, мушарраф шуд.

Ҳюман Райтс Вотч Умеда Ниёзоваро барои ҷасорате, ки дар роҳи фаъолияти хабарнигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар нишон додааст, қадр кард. Умеда Ниёзова, ки феълан дар Олмон ба сар мебарад, дар авоили сол дар Узбакистон боздошт шуда, севуним моҳро дар зиндон ба сар бурда буд.

Умеда Ниёзова 32 сол ва таҷрубаи тӯлонии кор ба ҳайси хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар дар Узбакистонро дошта, бо бахши узбакии РО ва ҳамин тавр, бо чанд расона ва созмони дигари дифоъи аз ҳуқуқи башар ҳамкорӣ мекард. Ниёзова моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз сафари Бишкек бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва паҳн кардани адабиёти ғайриқонунӣ боздошт шуд.

Фаъолони ҳуқуқи башар билофосила иттиҳомоти эълоншуда алайҳи Ниёзоваро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ унвон карданд, чунки убури ғайриқонунии марз, ки ӯро муттаҳам мекарданд, танҳо ҳамин мавриди сафари ӯ ба Бишкек бидуни доштани визаи хуруҷиро дар бар мегирифт.

Иттиҳоми дуввум низ хеле сиёсӣ буд, чунки мақомоти амниятии Узбакистон аз компютери ӯ, ки дар фурудгоҳ мусодира карданд, чанд санади расмии байналмилалӣ дар бораи рӯйдодҳои хунини Андиҷонро пайдо карданд, ки ба ҷуз аз Узбакистон, дар соъир гӯшаҳои дунё расман интишор шудаанд.

Умеда Ниёзова дар маҷмӯъ беш аз севуним моҳро дар зиндон ба сар бурда, ибтидо ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар зиндони Тоштурма, ё худ зиндони сангини Тошканд, ки бо реҷаи шадид ва истифодаи маъмуронаш аз роҳу васоили ғайцримашрӯъи фишор ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон маъруфият пайдо кардааст, таҳти фишори мақомот маҷбур шуд, аз ҳамкориаш бо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон изҳори пушаймонӣ ва ба гуноҳи худ эътироф кунад.

Умеда Ниёзова ҳатто маҷбур шуд, Андреа Берг, намояндаи Ҳюман Райтс Вотч дар Узбакистонро ба фаъолиятҳои ғайримашрӯъ айбдор кунад ва мақомот ба дунбол ин изҳороти Ниёзоваро ба хотири лағви санади сабти номи Андреа Берг истифода бурда, ӯро аз Узбакистон берун кунанд.

Аммо Андреа Берг, ки дар лаҳазоти ӯро айбдор кардани Ниёзова низ дар толори додгоҳ ҳузур доштааст, мегӯяд, ки ӯ заррае аз Ниёзова озурда нест, чунки хуб мефаҳмад, ки ӯ таҳти чӣ гуна фишоре маҷбур ба гуфтани он ҳарфҳо шудааст. Гузашта аз он, вақте Ниёзова аз маҳбас озод шуд, Андреа Берг аз ҷумлаи аввалин нафароне буд, ки ӯро пешвоз гирифт ва гарм ба оғӯш кашид.

Дар ҳар сурат, як додгоҳи таҷдиди назар ҳукми аввалаи Ниёзоваро бекор кард ва ӯ баъди севуним моҳи дар боздошт ба сар бурданаш озод шуда, тарки Узбакистон кард. Ҳюман райтс Вотч Ниёзоваро барои ҷасорате, ки дар роҳи фаъолияташ ба ҳайси хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқи башар намоиш додааст, ба ҷоизаи имсолааш сазовор донист.,

Умеда Ниёзова, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар расми эътои ин ҷоиза дар Ню-Йорк суханронӣ кардааст, дар як гуфтугӯ бо бахши узбакии РО гуфт, ки дар Ню-Йорк ӯ пеш аз ҳама аз сарнавишти хабарнигороне сӯҳбат кардааст, ки то ҳол дар зиндонҳои Узбакистон пушти панҷара ба сар мебаранд:

“Ман гуфтам, ки хабарнигорони зиёде дар зиндонҳои Узбакистон таҳти шароити сангине ба сар мебаранд. Бо ин ҳол, Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки дар раъси ин ҳама таъқибот меистад, дар ин авохир ҳатто аз Олмон расман дидан кард. Ман дар суханрониам ҳамчунин аз қазияи хабарнигори узбак Алишер Соибов, ки соле пеш дар Ӯши Қирғизистон кушта шуд, ҳарф задам ва вазъи бади Узбакистонро ба аҳли толор дигарбора тасвир кардам.”

Умеда Ниёзова, хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон феълан 32 сол дошта, баъд аз раҳоияш аз зиндон дар Олмон паноҳанда шудааст. Дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон даҳҳо хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар тарки Узбакистон карда ва асосан дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣё паноҳ бурдаанд. Умеда Ниёзова мегӯяд, ҷоизаи Ҳюман райтс Вотч маҳсули заҳмат ва талошҳои хастагинопазири ҳамаи онҳоест, ки бо вуҷуди талошҳо ва фишори сахти мақомоти Узбакистон, ҷиҳати ба ҷаҳон расондани ҳақиқати рӯйдодҳои он кишвар ҷонфидоӣ нишон медиҳанд. Ва ба ин ҷоиза мушарраф шудани ӯ ҳокист, ки заҳмати онҳо беҳуда намеравад.

XS
SM
MD
LG