Пайвандҳои дастрасӣ

Русия хостори таъсир ба қимати ҷаҳонии нафт аст


Сарвазири Русия Владимир Путин гуфтааст, кишвараш бояд дар таъини қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ нақши бузургтаре дошта бошад. Русия дувумин содиркунандаи нафти ҷаҳон аст. Путин расман нагуфт, Маскав дар ин роҳ аз чӣ иқдоме кор хоҳад гирифт. Мақомоти Русия пештар гуфтаанд, мехоҳанд, захираҳои нафте бунёд кунанд, ки битавонанд, ба нархи ҷаҳонӣ таъсир гузоранд, вале ҳамзамон Русия ба пешниҳоди Созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт - ОПЕК дар коҳиши тавлиди нафт шарик нашуд.
XS
SM
MD
LG