Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо пулҳои дурӯғин


Шаҳрванди Тоҷикистон Умед Абдуалиев дар шаҳраки Березовскии вилояти Свердлов бо қариб 25 ҳазор рубли қалбакӣ боздошт шудааст. Ин маблағ, ки бузургтарин кашфи пули қалбакӣ дар минтақаи Урали Русия номида шудааст, аз 49 пули 500-рублӣ иборат буда, аз мошини сабукрави Абдуалиев дарёфт ва мусодира шудааст. Мақомоти марбутаи Русия гуфтаанд, пулҳои қаблакӣ ба андозае моҳирона сохта шудаанд, ки бе таҷҳизоти махсус аз пули ҳақиқӣ фарқ кардани онҳо номумкин аст.
XS
SM
MD
LG