Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шадиди моҳипарварӣ дар Осиёи Марказӣ


Барномаи хӯроквории Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бо сабабҳои истифодаи нодурусти захираҳои об, коҳиши ҷиддии сармоягузорӣ, заҳролудшавии рӯдхона ва кӯлҳо соҳаи муҳими моҳипарварӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ ба шикасти комил рӯбарӯ шудааст. Коҳиши тавлиди гӯшти моҳӣ дар ин давра дар Қирғизистон 98 ва Тоҷикистон 94 дарсад кам шуда, ин пасрафт дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон аз 60 то 72 дарсадро ташкил додааст. Ба ин сабаб истеъмоли моҳӣ дар саросари Осиёи Марказӣ хеле кам шуда ба 1 килограм дар сол сари кас расидааст. Созмони Милал пешниҳод кардааст, ки дар давраи бӯҳрони ғизо ба ин ришта таваҷҷӯҳи хос дода шавад ва ниҳодҳои байнидавлатии моҳипарварӣ таъсис ёфта, сармоягузорӣ сурат гирда ва корхонаҳои мавҷуда хусусӣ гардонида шаванд.
XS
SM
MD
LG