Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин ҳамоиши байнулмилалӣ афзоиши ташаннуҷ дар Афғонистон ва таъсири он ба вазъи Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Имрӯз сешанюеи 11-уми ноябр дар Душанбе дар маҷмаъаи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо ширкати 30 нафар аз коршиносони байнулмилалӣ як ҳамоиши дурӯза дар бораи вазъияти Афғонистон таҳти унвони "Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдиду хатарҳо, имкониятҳо ва дурнамо» сар мешавад.

Ин нишаст аз ҷониби Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти стратегии Британияи Кабир ва намояндагии САҲА дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ба баррасии масоили вобаста ба тавсеаи рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бозсозии ин кишвар бахшида мешавад.

Дар ин ҳамоиши байнулмилалӣ коршиносон аз Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистону Чин , ҳамчунин, намояндагони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ширкат меварзанд.

Аз Амрико барои ширкат дар конфаронс Ҷорҷ Крол -ноиби ёвари котиби давлатии Амрико дар масоили Осиёи марказӣ ва дипломатияи мардумӣ омадааст, ки қарор аст бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мулоқот кунад. Эҳтимол меравад дар ин вохӯрӣ идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар даврони президенти нав, амнияти минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирад.
XS
SM
MD
LG