Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши саҳми пахта дар даромади миллии Тоҷикистон


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, саҳми нахи пахта дар даромади нохолиси миллии Тоҷикистон аз 9 дарсади соли 2003 ба 2%-и соли 2007 поин омадааст. Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин коҳиш дар натиҷаи кам шудани заминҳои обӣ ва аз истифодаи зиёд хаста шуда, ба ҳосилнокии паст рӯбарӯ гаштани замин ва афзоиши кишти ғаллаву сабзавот ба миён омадааст. Қарзҳои бузурги деҳқонон низ нақш дорад, ки онҳоро ба суистифода аз замин маҷбур мекунад. Ҳодиса дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки кишоварзони Тоҷикистон ҳаққи интихоби зироати заминҳои худро надоранд, ҳарчанд расман гуфта мешавад, онҳо дар ин кор мустақиланд. Бедаромадии кишварзӣ барои деҳқонон дар ин ҳолат метавонад, ба комилан шикаст хӯрдани кишоварзӣ дар Тоҷикистон оварда расонад.
XS
SM
MD
LG