Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори як ба яки Буш ва Обама


Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳида Барак Обама тайи ду соат дар Кохи Сафед бо президент Ҷорҷ Буш мулоқот кард. Буш ва хонуми аввали Амрико, Лора, Буш дар даромадгоҳи қасри раёсатҷумҳурӣ Обама ва ҳамсари ӯ Мишелро пешвоз гирифтанд ва сипас Ҷорҷ Буш ва Барак Обама дар коргоҳи президенти Амрико сӯҳбати танҳо ба танҳо доштанд. Гуфта мешавад, онҳо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла бӯҳрони иқтисодӣ ва ҷангҳо дар Ироқу Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин аввалин вохӯрии рӯбарӯи ду раҳбар буд пас аз пирӯзии Обама дар интихоботи ҳафтаи гузашта.
XS
SM
MD
LG