Пайвандҳои дастрасӣ

Кафши изи ураниум дар маҳалли бомбабороншудаи Сурия


Пажӯҳишгарони Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳанд, ки аз маҳалли бомбабороншудаи Сурия изи ураниум пайдо кардаанд. Ҳавопаймоҳои Исроил соли гузашта маҳаллеро дар Сурия бомбаборон карданд, ки ба гуфтаи Иёлоти Муттаҳида иншооти махфии ҳастаӣ будааст. Дипломате дар Вена гуфтааст, кашфи ураниум ин тахминҳоро тасдиқ мекунад. Сурия иттиҳомоти Амрикоро, ки гӯё бо мадади Курёи Шимолӣ ба сохтани реактори ҳастаӣ машғул аст, рад мекунад.
XS
SM
MD
LG