Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо розист музокиротро бо Руссия аз сар гирад


Имруз Кумиссюни Аврупо гуфт, ки ҳозир аст бо Руссия музокирот роҷеъ ба қарордоди ҳамкориҳои стротегиро аз сар бигирад. Хонум Бенито Ферреро Валднер- Кумиссари равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт:


"Мо дар назар надорем, ки ба Руссия ҳадя медиҳем. Ва ин

бад-он маъно нест, ки мо мавзеъгирии ҷиддии худро дар қиболи руйдодҳои тобистон тағир медиҳем. Рафтори Руссия нисбат ба Гурҷистон қобили қабул нест, ҳам нақзи тамомияти арзӣ ва ҳам шинохти якҷонибаи ду қаламрав. Барои ин кор музокироти Женев дар пеш аст".

Ин музокирот моҳи сентябри соли ҷорӣ ба нишонаи эътироз алайҳи таҷовузи Руссия ба хоки Гурҷистон ба ҳолати таълиқ даромада буд.

XS
SM
MD
LG