Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш ва Обама дар Кохи Сафед бо ҳам мулоқот мекунанд


Борак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико моҳи январ, вақте ки ба курсии раёсати ҷумҳурӣ менишинад, аз тавони иҷроии худ истифода хоҳад кард, то ба зудӣ тағирот орад. Ҷон Подеста-раҳбари гуруҳи интиқолии Борак Обама гуфтааст, Обама барои овардани тағирот эътибори воқеъӣ дорад. Подеста гуфтааст, ки Обама тасмими Бушро дар бораи манъи таҳқиқоти селулҳо ва сиёсати таҳқиқи нафт нигоҳ хоҳад дошт. Обама, ки 44-умин раиси ҷумҳури Амрико хоҳад буд, имруз соъати 23-и вақти Тоҷикистон дар Кохи Сафед бо Буш мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG