Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомот ба донишҷуён дар Туркманистон


Донишҷуёни Туркманистон мегуянд, ҳукумат назорат бар донишҷуёнеро, ки бо созмонҳои амрикоӣ тамос доранд, тақвият бахшидааст. Донишҷуён дар Ишқобод ба радиои Озодӣ гуфтаанд, мақомоти расмӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки бо созмонҳои амрикоӣ, аз қабили Дафтари умури иҷтимоъии сафорати Амрико ва IREX, ки дар Туркманистон фаъолият доранд, рафту омад накунанд. Бо вуҷуди ваъдаҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ин кишвар то ҳол яке аз кишварҳои бастаи Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG