Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи суботи молии Чин нархи саҳомро боло бурд


Баъд аз он ки давлати Чин тақрибан 600 милярд доллар нақшаи суботи молии кишварашро эълон кард, нарх дар бозорҳои саҳоми Осиё боло рафт. Дар бозорҳои Чину Ҷопон, Ҳонг Конг ва Куриёи Шимоливу Остролиё болоравӣ мушоҳида шудааст. Ҷиҳати мубориза бо коҳиши суръати рушд Чин дар ду соли оянда барои пардохти нархи хона, масорифи зербано ва рафъи пайомадҳои зилзила 586 милярд доллар ба нақша гирифтааст. Доминик Страус Хан-мудири иҷроии Сандуқи Байналмиллалии Пул ин маблағро "бастаи бузург" арзёбӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG