Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон ҷоиза гирифт


Ба Умеда Ниёзова-рузноманигор ва яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Узбакистон ҷоизаи "Шуҷоъат дар рузноманигорӣ ва ҳуқуқи башар"-и Дидбони Ҳуқуқи Башар эҳдо шуд. Ниёзова 32 сол дорад ва ин ҷоизаро ба вай рузи ҷумъа дар Нию Йорк тақдим карданд. Вай аз муддатҳост фаъоли ҳуқуқи башар аст ва бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад. Ниёзова моҳи январи соли 2007 маҳкум ба зиндон шуд ва аксарият мегуянд, ки парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дошт. Вай чаҳор моҳро дар зиндон сипарӣ кард. Дар ҷараёни бозпурсӣ ва мурофиа вайро маҷбур карданд, ки аз фаъолияти Дидбони Ҳуқуқи Башар интиқод ва худро муҷрим эътироф кунад. Ниёзова баъдтар мавриди афв қарор гирифт, ба шарти ин ки дигар ба фаъолияти рузноманигорӣ ё ҳуқуқи башар машғул нашавад. Вай ҳоло дар Олмон ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG