Пайвандҳои дастрасӣ

Бадахшон - қаҳрамони волейболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона бо пирӯзии тими мунтахаби вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба анҷом расид.

Элмурод Тағоев, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқот бо ширкати 8 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар баргузор шуд.

Дастаи Бадахшон, ки дар бозии ниҳоӣ мунтахаби вилояти Суғдро мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони волейболи Тоҷикистон даст ёфт.

Дастаи шаҳри Душанбе ҷои севумро касб кард.

XS
SM
MD
LG