Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Регар» - пешсафи ягонаи мусобиқти қаҳрамонии Тоҷикистон


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври 32-юми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Нимаи аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Баъди танаффус капитани дастаи мизбон Хуршед Маҳмудов ҳисобро боз кард. Сипас ҳамлагари меҳмонон Сӯҳроб Ҳамидов ҳисобро баробар намуд. То анҷоми дидор бозигарони «Регар» ТадАЗ Иброҳим Рабимов ва Хуршед Маҳмудов боз ду голи дигар ба самар расонданд.

Дар қувваозмоиии ду дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа – «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» - голи ягонаи ҳамлагари ҷавон Аҳтам Ҳамроқулов тақдири бозиро ба нафъи тими «Вахш» ҳал кард.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ба дарвозаи тими меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб - 3 голи беҷавоб зад. Тӯбҳоро Юсуф Рабиев, Маҳмадалӣ Содиқов ва Ҳусейн Ҷалолов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе, ки ба бозӣ бо «Гвардия»-и Душанбе ҳозир нашуд, бо натиҷаи техникии 0:3 мағлуб ҳисобида шуд.

Бозии охирини ин давр байни дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ба мӯҳлати дер мононда шудааст.

Дар ҳамин ҳол «Регар» ТадАЗ бо 71 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 65 имтиёз ҷои дуввум ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 60 имтиёз ҷои севумро касб кардаанд.


Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

27

23

2

2

95-23

71

2.

«Хуҷанд»

28

21

2

5

49-19

65

3.

«Парвоз»

26

19

3

4

60-19

60

4.

«Вахш»

29

18

3

8

45-26

57

5.

«Энергетик»

29

12

3

14

52-45

39

6.

«Тоҷиктелеком»

29

12

1

16

44-51

37

7.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

8.

CСKA «Помир»

31

7

2

22

21-71

23

9.

«Саройкамар»

28

6

5

17

36-58

23

10.

«Гвардия»

30

6

4

20

27-62

22

11.

«Равшан»

29

4

4

21;

27-83

16

Беҳтарин голзанҳои мусобиқот: Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз») – 25 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 23, Юсуф Рабиев («Вахш»/ «Хуҷанд») – 16.

XS
SM
MD
LG