Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 10 ноябр, Барак Обама, президенти мунтахаби Амрико, ба Кохи Сафед, ба меҳмонии Ҷорҷ Буш хоҳад рафт.

Ахиран, раисҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш ваъда дод, ки интиқоли қудрат ҳамвор ва роҳат хоҳад буд. Обама дар суханрониаш аз тариқи радио пешниҳоди мусоидати Бушро ба интиқоли қудрат баҳои баланд дод ва гуфт, пас аз анҷоми интихобот ҷонибҳои мухолиф барои расидан ба як ҳадаф ва хидмат ба кишвар муттаҳид мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари ниҳоди вижаи Обама барои интиқоли қудрат Ҷон Подеста дар сӯҳбат бо хабаргузории “Фокс нюс” гуфт, Барак Обама омадан замон ба Кохи Сафед кӯшиш хоҳад кард, то дар зудтарин фурсат баъзе қарору фармонҳои ҳукумати Бушро бекор кунад.

Мушовирони Обама аллакай рӯйхати дастикам 200 қарору фармонҳои ҳукумати Бушро таҳия намудаанд, ки бояд лағв гарданд. Ҳамин тавр, сиёсати Кохи Сафед дар мавриди тағйири иқлим, пажӯҳишҳои ҳуҷайраҳои сутунмӯҳрагӣ, истихроҷи газ ва нафт ва ғ. бозбинӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, тағйирот дар бахшҳои бимаи тандурустӣ, молиёт ва дигар бахшҳои муҳим ба амал оянд.

Демократҳо дар айни ҳол ҳам Конгресс ва ҳам Сенати кишварро зери идораи худ доранд ва раҳбарияти ҳизби демократӣ дар Конгресс гуфтааст, дар нахустин ҳамоиши он тарҳи бастаи дуввуми ёриҳои молӣ ба аҳолиро, ки аз ҷониби ҳукумати Буш рад шуда буд, дубора мавриди баҳс қарор диҳанд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, дар арсаи сиёсати беруна низ ислоҳот ба амал хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG