Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Буш ва Обама дар Кохи Сафед


Ду президенти Иёлоти Муттаҳида -- яке президенти амалкунанда Ҷорҷ Буш ва дигаре тозаинтихоб -- Барак Обама бо ҳам мулоқот мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Буш танҳо рӯзи 20-уми январ вазифаҳои худро месупорад ва дар ҳамин рӯз Барак Обама пас аз адои савганд расман ба иҷрои вазифаҳои президенти Амрко ва сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шруӯъ мекунад. Барак Обама дар як сухани расмӣ гуфт, Ҷорҷ Буш ва хонуми аввали Амрико, Лора ӯ ва ҳамсараш Мишелро ба Кохи Сафед даъват кардаанд ва пешниҳод намудаанд, ки барои оғози неки кори Обама ҳама кӯмакро хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG