Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши муҳоҷирони тоҷик дар фазои бӯҳронии Русия


Федерасиюни иттиҳодияҳои касбии вилояти Свердлови Русия пас аз дархостҳои батакрории муҳоҷирони тоҷик ба таъсиси Иттиҳодияи касбии муҳоҷирон ризоият дод. Раиси федерсиюн Андрей Ветлужских мегӯяд, ҳоло марҳилаи омодагӣ ва гирдоварии аъзои эҳтимолӣ идома дорад ва иттиҳодияи нав аз тарафи худи муҳоҷирон идора хоҳад шуд. Яке аз раҳбарони диаспораи тоҷик дар вилояти Свердлови Русия, Баҳром Воҳидов гуфтааст, чунин иттиҳодия барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон сохта хоҳад шуд, ки дар шароити бӯҳрони молӣ ва оғози афзоиши ҷиддии бекорӣ дар Русия ба вазъи ногувор меафтанд. Раиси ширкати бинокории "Эфес", Алексей Белоусов гуфтааст, вазъият ба ихтисори коргарони хориҷӣ маҷбур мекунад ва то поёни сол ҷои коре барои муҳоҷирон дар сохтмонҳои Свердлов боқӣ намемонад.
XS
SM
MD
LG