Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 14 нафар дар даргирии Хусти Афғонистон


Ҳарбиёни Амрико дар Афғонистон мегӯянд, нерӯҳои эътилоф 14 ситезаҷӯро ба ҳалокаст расондаанд. Сухангӯи нерӯҳои Иёлоти Муттаиҳда гуфт, ситезаҷӯён дар ҳоле тир кушоданд, ки мошини онҳо дар вилояти Хуст аз тарафи сарбозони амрикоӣ боздошта шуд. Аммо волии Хуст, Арсуллоҳ Ҷамол мегӯяд, ин 14 мард осоишта ва бинокорон буданд. Дар ҳодисаи дигари бамгузории худкушона дар вилояти ғарбии Ҳирот дирӯз ду сарбози испониёӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG